Пешниҳоди ҷазо барои навори "сарбозшикор". Ҳадаф чист?
Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки барои пахши хабарҳои, ба гуфтаи онҳо, "дурӯғ" дар бораи шарту шароити хидмат дар артиш, аз ҷумла "сарбозшикор", ҷарима ё ҳабси маъмурӣ таъин шавад. Пешниҳоди онҳо ба порлумон рӯзи 12-уми июл расонаӣ шуд.