"Ба сиёсати имрӯза мувофиқ нест." Вазир гуфт, ки чаро монеи "Манқурт" шуданд
Зулфия Давлатзода рӯзи 12-уми июл дар як нишасти матбуотӣ иддао кард, ки коргардон "аз матни асар дур рафта, онро таҳриф кардааст", аммо далели мушаххас наовард. Барзу Абдураззоқов мегӯяд, бо ҳамин мазмун номаи расмӣ гирифт, вале бо он розӣ несту хулосаашро ба зудӣ хоҳад фиристод.