Дар Бонки Миллӣ камбуд ёфтаанд, вале...
Масъулони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон гуфтанд, аудит ё санҷиши молии онҳо дар Бонки миллӣ 1,2 миллион сомонӣ зарари молиро ошкор кард, вале ҳанӯз касеро ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Дар гузашта низ ин ниҳод дар Бонки миллӣ камбуди молиро ёфта буд.