Дар Андиҷон як "мактаби пинҳонии динӣ"-ро ошкор кардаанд
Раёсати корҳои дохилии вилояти Андиҷони Узбекистон хабар дод, ки як сокини ноҳияи Булақбошӣ бо гумони таълими ғайриқонунии динии ноболиғон дастгир шудааст.
Ба огаҳии раёсат, ин мард гӯё аз соли 2020 ба шаҳрвандони ноболиғи Узбекистон ва Қирғизистон бидуни иҷозати ниҳодҳои дахлдор аз фанҳои динӣ дарс мегуфтааст.
Манбаъ афзуда, ки сокини Булақбошӣ дар иваз аз ҳар як ноболиғ 500 ҳазор сӯм (45 доллар) мегирифтааст.
Дар робита ба ин қазия тафтишот оғоз шудаааст.