Эмомалӣ Раҳмон барои мулоқот бо сарони Осиёи Миёна ба Қирғизистон сафар кард
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 21-уми июл ба Қирғизистон сафар кардааст. Дафтари матбуоти президент бо нашри хабарнома гуфт, ҳадаф аз ин сафар ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ба иттилои манбаъ, оқои Раҳмонро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон назар ба дигар роҳбарони минтақа як рӯз дертар ба Қирғизистон рафт. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ва Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон аллакай рӯзи 20 июл дар Қирғизистон буданд ва бо раиси ҷумҳури ин кишвар Содир Ҷабборов мулоқот доштанд.
Қарор аст имрӯз 21-уми июл дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкули Қирғизистон вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шавад.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ бори нахуст пешниҳод кард, ки мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.
Мулоқоти якуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон барпо шуда буд.