Иштироки ду гуштигири тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ миёни наврасони то 17-сола, ки дар шаҳри Рими Италия ҷараён дорад, Тоҷикистонро ду варзишгар – Алиризо Баҳромов ва Муҳаммадамин Абдуллоев - намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳарду варзишгари тоҷик дар риштаи гуштии озод ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Тибқи барномаи мусобиқот Муҳаммадамин Абдуллоев рӯзҳои 29-30-юми июл дар рақобатҳо дар вазни то 80 кило ва Алиризо Баҳромов рӯзҳои 30-31-уми июл дар вазни то 71 кило ширкат меварзанд. Рӯзи аввал марҳилаи интихобӣ ва рӯзи дуюм финал ба нақша гирифта шудааст.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ (гуштии юнонию румӣ ва гуштии озод) миёни наврасони то 17-сола 597 варзишгар (419 писар, 178 духтар) аз 54 кишвар иштирок мекунанд.
Қувваозмоиҳо, ки 25-уми июл бо сабқати гуштии юнонию румӣ шуруъ шуд, 29-уми июл бо сабқати гуштии озод идома меёбад ва 31-уми июл ба анҷом мерасад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли равон Муҳаммадамин Абдуллоев дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод миёни наврасони то 17-сола дар Бишкеки Қирғизистон ва Алиризо Баҳромов дар қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 15-сола дар Манамаи Баҳрайн медалҳои нуқра ба даст оварда буданд.
Бояд зикр намуд, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштӣ миёни наврасон ҳамагӣ ду медал – 1 нуқра ва 1 биринҷӣ – гирифтаанд. Шероз Очилов соли 2019 дар Софияи Булғористон оид ба гуштии юнонию румӣ дар вазни то 65 кило медали нуқра ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 55 кило медали биринҷӣ ба даст овардаанд.