Вазорат гуфт, 5 миллион рублро аз корфармоёни рус ба муҳоҷирон баргардонд
Дар 6 моҳи ахир беш аз 5 миллион рубли пардохтнашудаи муҳоҷирони кории тоҷик ба онҳо баргардонида шудааст.
Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ин маблағҳо бо кумаки намояндагии ин ниҳод дар Русия аз корфармоён ситонида шуд.
Беш аз 4 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ба намояндагии Тоҷикистон аз пардохт нашудани ҳаққи корашон шикоят кардаанд. Дар пайи ин шикоят, ба иттилои мақомоти тоҷик, намояндагии Вазорати меҳнат ба қазия дахолат кардааст ва корфармоён беш аз панҷ миллион рубли муҳоҷиронро баргардондаанд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ҳамчунин чор баҳси додгоҳӣ дар Русия бо пирӯзии муҳоҷирони тоҷик анҷом ёфтааст.
Шикоят аз пардохт нашудани пули кории муҳоҷирон аз сӯйи корфармоён дар Русия зиёд аст. Дар чандин ҳолат муҳоҷирон бо нишони эътироз аз ин амали корфармоён корпартоӣ карда буданд.
Дар Русия бар асоси ҳисоби гуногун ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.