Дар Узбекистон навраси 16-сола модарашро куштааст
Як навраси 16-сола дар вилояти Тошканди Узбекистон ҳамроҳи шариконаш модари худро куштааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Узбекистон, ҳодиса рӯзи 31 июл рух додааст. Макони дақиқи куштор гуфта намешавад.
Манбаъ афзудааст, "наврас ба далели ихтилофоти хонаводагӣ тасмим гирифта, ки модарашро кушад. Ӯ барои анҷоми ин кор аз рафиқонаш кумак хостааст. Онҳо занро кушта, ҷасадашро дар таҳхона дафн кардаанд".