Расонаҳои русӣ аз муноқишаи гурӯҳии муҳоҷирон дар Маскав хабар доданд
Телевизионҳои Русия аз муноқишаи гурӯҳии муҳоҷирон дар шаҳри Маскав хабар додаанд, ки шоми 24-уми октябр дар як сохтмон рӯй додааст. Дар пайи муноқиша кормандони пулис 29 нафарро дастгир кардаанд.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, боздоштшудаҳо муҳоҷирони Тоҷикистону Узбекистон ва Туркия будаанд. Онҳо ба пулис сабаби муноқишаро муносибатҳои хусуматомез гуфтаанд. Иштирокчиёни занозаниро феълан бо иттиҳоми майдаавбошӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд ва мақомот аз идомаи тафтишот хабар додааст.
Ба иттилои РЕН ТВ, касе дар ин занозанӣ осеби ҷиддӣ набардоштааст. Тафсилоти дигар ва шахсияти муноқишакунандагон феълан дастрас нест.
Муноқишаи муҳоҷирон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Русия муҷозоти муҳоҷирон барои иштирок ва ҳамроҳӣ дар занозаниҳои дастҷамъиро сахттар кардааст ва ба онҳо хатари ихроҷ аз он кишвар таҳдид мекунад.