Талаби Қирғизистон рад шуд, Бишкек сомонаи Радиои Озодиро баст
Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодиро барои ду моҳ баст. Мақомот рӯзи 26-уми октябр сабабашро як гузориши видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон номиданд.