Кӣ мегӯяд, ки хиштрезӣ фақат кори мардон аст? ВИДЕО
Дар ноҳияи Восеъ як корхонаи хиштпазӣ ҳаст, ки дар он занону мардон якҷо заҳмат мекашанд ва музди муносибе ҳам мегиранд. Корхонаи “Ниагара-А” даҳҳо зани маҳаллиро ба кор ҷалб кардааст, то дар хона аз бекорӣ “хаста” нашаванду барои худу фарзандон рӯзӣ пайдо кунанд.