"Ба масҷид намерафт, дар хона буд." Боздошти дубораи Муҳаммадӣ Раҳматулло
Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, ки замоне ӯро "раҳбари салафиҳои Тоҷикистон" ном мебурданд, баъди бештар як соли раҳоӣ аз зиндон, дигарбора боздошт шудааст. Пайвандонаш дар маҳаллаи Чоряккорони Душанбе гуфтанд, дар бораи сабаби боздошти ӯ маълумот надоранд. Мақомоти интизомӣ шарҳ намедиҳанд.