Содир Ҷабборов дар Самарқанд гуфт, баҳси марзӣ бе ҷангу даъво ҳал шавад. ВИДЕО
Дар нишасти сарони кишварҳои туркзабон дар Самарқанд ба масъалае дахл шуд, ки бо Тоҷикистон пайванд мегирад. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) гуфт, баҳсҳои сарҳадӣ дар минтақа бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шаванд.