Баҳси марз дар нишасте бе ҳузури Тоҷикистон
Дар нишасти Сарони Кишварҳои Туркзабон дар Самарқанд ба масъалае дахл шуд, ки бо Тоҷикистон пайванд мегирад. Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, баҳсҳои сарҳадӣ дар минтақа бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шаванд. Кишвари ӯ дар мавриди таъини сарҳад бо Тоҷикистон ва Узбекистон мушкил дорад.