Фаъоли қирғизистонӣ 3 сол зери назорат хоҳад монд
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъоли шаҳрвандӣ Адилет Балтабойро ба даъват ба бетартибиҳои оммавӣ айбдор кард ва 3 сол зери назорат гирифт. Баъд аз қабули қарор Балтабойро аз толори додгоҳ озод карданд.