"То кай мунтазири ёрии мардум бошем? Ҳукумат бояд таъмин кунад"
Бародарон, Тоҳиру Зоҳир, ки маъюби модарзоданд, баъд аз чаҳор моҳ 18-сола мешаванд. Зоҳир ҳарчанд бо душворӣ ҳаракат мекунад, дучарха меронад, ба мактаб меравад ва барои оянда нақшаҳо дорад, Тоҳир аз ҳамаи инҳо маҳрум аст.