Ҷоми ҷаҳонии футбол: Арабистони Саудӣ Аргентинаро шикаст дод
Рӯзи сеюми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар – 22-юми ноябр - бо бозии гурӯҳи С миёни дастаҳои мунтахаби миллии Аргентина ва Арабистони Саудӣ шуруъ шуд. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Лусаил Айконик»-и шаҳри Давҳа доир гардид, бо пирӯзии саудиҳо бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.