Толиб Айёмбеков ва Мунаввар Шанбиев ба ҳабси абад маҳкум шуданд, дигарон аз 10 то 30 сол зиндон
Дар Тоҷикистон панҷ зодаи Бадахшонро, ки дар миёнашон фаъоли минтақа Мунаввар Шанбиев ва фармондеҳи собиқ Толиб Айёмбеков низ ҳастанд, ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Ҳашт каси дигар аз 10 то 30 сол гирифтанд. Мақомот тафсилоти ҳукмҳоро нагуфтанд.