Рӯзноманигори таҳқиқотгарро аз Қирғизистон ронданд
Рӯзноманигори таҳқиқотгар Болот Темиров шоми чаҳоршанбе дар ҳамроҳӣ бо маъмурони интизомӣ тавассути ҳавопаймо аз Қирғизистон ихроҷ шуд.
Рӯзноманигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ки дар фурудгоҳ қарор дошт, гуфт, эҳтимол Темировро ба Русия ихроҷ карданд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурони интизомӣ Темировро иҷборан ба маҳалли парвози ҳавопаймое бурданд, ки бояд ба Москва парвоз мекард.
Темиров 18 апрел таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи ширкати писари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар тендерҳои давлатӣ нашр кард. Рӯзи 19 апрел мақомот хабар доданд, ки нисбати Темиров парвандаҳои нав дар бораи "Тақаллуби ҳуҷҷатҳо" ва "Убури ғайриқонунии марз" кушода шуд. Темиров гуфт, ба хотири фаъолиятҳои касбиаш таъқиби ҷиноӣ мешавад.
Дар моҳи январи имсол низ нисбати Темиров бар асосии моддаи нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир парванда боз карда буданд. Он замон низ вай дар бораи Қамчибек Тошиев таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буд.
Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 28 сентябри имсол рӯзноманигори таҳқиқотгар ва муассиси саҳифаи "Temirov LIVE"-ро бегуноҳ эълом кард. Дертар Темиров гуфт, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва раиси кумитаи амнияти он кишвар Қамчибек Тошиевро ба додгоҳ кашиданист.