Боздошти чанд фаъоли маданӣ дар Қазоқистон
Шаш фаъоли ҳаракати мадании "Oyan, Qazaqstan" дар Қазоқистон - Бота Шарипжан, Мира Унгарова, Фариза Оспан, Нагашибек Бекдаир, Бауржан Адилхон ва Асем Жапишева - нимаи аввали рӯзи 16-уми декабр дар шаҳри Алмато дастгир шудаанд.