"Хонаамро мегирифтанд, вале бачаамро зинда мегузоштанд, чизе талаб надоштам" ВИДЕО
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб доранд, беасос донистааст.