Дар садамае дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 1 зан ҷон бохта, 5 мусофир маҷрӯҳ шуд
Ҳангоми бархӯрди як мошини сабукрав ба мошини бензинкашӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд як зан ҳалок шуда, панҷ мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳодиса нисфирӯзии 10-уми январ рух додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, роҳе, ки дар он садама шудааст, пас аз барфи зиёд баста шуд.
Аз Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 11-уми январ гуфтанд, ки панҷ мусофири маҷрӯҳ дар бемористони ноҳияи Варзоб бистарӣ шудаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, садама дар километри 53-уми роҳи Душанбе – Варзоб пас аз бархӯрдани мошини тамғаи “Опел Зефира”, ки аз Душанбе ба самти Хуҷанд мерафт, ба як мошини ҳомили газ, рух додааст.
"Зани мусофир ҷароҳати вазнин бардошта, дар роҳ ба беморхона фавтидааст. Дафтари матуботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо назардошти ҷилвгирӣ аз садама аз ронандагон хоҳиш мекунад, дар роҳҳои кӯҳӣ дар чунин рӯзҳои пурбарфу сард қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд,"--гуфтааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рузи 10-уми январ дар километри 67-уми ин роҳ бар асари тармафароӣ як мошини “Мерседес-Спринтер” зери барф монд ва бо талоши наҷотбахшон ронанда наҷот дода шуд.