Сафари давлатии президенти Узбекистон ба Сингапур
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 16-18 январ бо сафари давлатӣ ба Сингапур меравад.
Хадамоти матбуотии Мирзиёев иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни ин сафар, "дидору гуфтугӯ бо сарвазир ва президенти он кишвар, имзои чандин санади нави ҳамкорӣ дар назар аст".
Сафар бо даъвати президенти Сингапур Ҳалима Яъқуб анҷом мешавад.
Манбаъ афзудааст, ки "ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои чандҷонибаи Сингапур ва Узбекистонро баррасӣ хоҳанд кард".