Аз сардӣ дар Афғонистон 16 нафар ҷон дода, ҳазорҳо чорво талаф шуд
Сардиҳои ахир дар Афғонистон боиси ҳалокати одамон шуда, ҳазорон чорво низ талаф шудааст. Ҳукумати зери раҳбарии Толибон эълон кард, ки қурбониёни ин сардиҳо аз вилоятҳои Бодғис, Форёб, Нимрӯз ва Ғазнӣ ҷон мебошанд.