Модари хонавода ҳам даргузашт. Марги се узви як оила аз заҳролудшавӣ бо дуди ангишт дар Хуросон
Дар ноҳияи Хуросон шумори қурбониёни заҳролудшавӣ бар асари дуди ангишт ба се нафар расид.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, дар фоҷеае, ки шаби 19 ба 20 январ дар деҳаи Гулрез рух додааст, нахуст марги Шамсулло Маҳмадови 33-сола ва писари панҷсолааш тасдиқ шуд. Сабаби марги онҳоро мақомот заҳролудшавӣ бар асари дуди ангишт номиданд. Рӯзи 20 январ, чанд соат баъди ин фоҷеа дар беморхона ҳамсари Маҳмадов ҳам даргузашт.
Пизишкон мегӯянд, ки як тифли дигари ин хонавода дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор дорад.
Намояндагони ҳукумати ноҳияи Хуросон гуфтанд, ҳодиса шаби 19-уми январ дар деҳаи Гулрези ҷамоати Ҳилолӣ рӯй додааст. Аз фоҷеа дар ин хонавода ҳамсояҳо огоҳ шуда ба мақомот хабар додаанд.
Ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ бо ин гуна фоҷеаҳо меанҷомад.
Зимистони имсол дар қиёс бо солҳои гузашта фавқулодда сарду сербарф омад ва ба иловаи бӯҳрони энержии идомаёбанда дар Тоҷикистон, вазъ сангинтар шуд. Бахусус дар рустову деҳоти дурдасти кишвар сокинон бо нирӯи худ талош мекунанд мушкили гармиро ҳал кунанд ва гоҳо ин корҳо бо фоҷеа меанҷомад.
Имсол дар вилояти Суғд ҳам ҳодисаи марг бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт рӯй дод. Нашрияи “Азия плюс” рӯзи 10 январ навишт, дар чунин як ҳодиса марди 80-солае ба ҳалокат расида, ҳамсари 77-солааш дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона интиқол дода шудааст.