Нахуствазири Бритониё барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷазо гирифт
Нахуствазири Бритониё Риши Сунак рӯзи 20 январ барои набастани тасмаи бехатарӣ ба ҳангоми ҳаракат бо мошин аз ҷониби полиси роҳ ҷарима шуд. Сунакро ҳангоми сафари кориаш ба минтақаи Ланкашир дар шимоли Бритониё нигоҳ дошта дар қонуншиканӣ гунаҳгор карданд. ББС гуфт, полиси Ланкашир тасдиқ кард, ки барои вайрон кардани қоида “як марди 42-сола муҷозот шуд”.
Пеш аз он дафтари матбуоти нахуствазири Бритониё барои ҳодисаи рӯйдода узрхоҳӣ кард.
Сунак дар курсии ақиби мошин нишаста буд ва ӯро муҳофизони мотосиклрон ҳамроҳӣ мекарданд. Ӯ гуфт, ки замони наворгирии як сабте барои шабакаҳои иҷтимоӣ тасмаро муваққатан боз кард.
Дар Бритониё ҳаҷми ҷаримаи ҳаракат дар мошин бидуни тасмаи бехатарӣ 100 фунт стерлингро ташкил медиҳад, ки баробар бо 123 доллари амрикоӣ аст. Агар ин пул саривақт пардохт нашаваду кор то додгоҳ барад, 500 фунт стерлингро ташкил медиҳад.