Қаҳрамонҳои нави Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва юнонию румӣ маълум шуданд
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва юнонию румӣ, ки рӯзҳои 28-29-уми январ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 260 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат карданд.