Русия сохтмони лӯлаи газро ба Чин тавассути Қазоқистон баррасӣ дорад
Русия сохтмони лӯлаи газро ба Чин тавассути Қазоқистон баррасӣ дорад. Дар ин бора рӯзи 22 феврал вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков хабар дод.
Айни замон ширкати қазоқистонии QazaqGaz ва ширкати энержии Русия "Газпром" масъалаи коркарди пешакии асосноксозии техникиву иқтисодии тарҳи мазкурро барои омӯзиши маҷмуи масъалаҳои сохтмони лӯлаи байналхалқии Русия-Қазоқистон-Чин баррасӣ доранд.
Вазир аз муҳлати коркарди асосноксозии иқтисодиву техникӣ ва дигар ҷиҳатҳои лӯлаи мазкур хабар надод. Ба гуфтаи вай, аз ҳисоби гази Русия метавон, минтақаҳои шарқии Қазоқистонро бо газ таъмин кард.
Моҳи ноябри соли 2022 Русия ба Қазоқистону Узбекистон пешниҳоди таъсиси "иттиҳоди сегонаи газӣ"-ро карда буд. Чанде пеш Қазоқистону Узбекистон бо "Газпром" харитаи роҳ имзо карданд.
Расонаҳои байналхалқӣ ва русӣ навиштанд, ки дар соли 2022 содироти "Газпром" ба кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла Туркияву Чин бештар аз 45 дарсад кам шудааст. Дар пайи коҳиши содирот истихроҷи "Газпром" низ 20 дарсад кам гардида, ба 412,6 миллиард метри мукааб пойин омадааст.
Ин ширкат аз ибтидои соли ҷорӣ омори истихроҷ ва содироти газро пинҳон мекунад. "Газпром" дар соли 2022 наздики 101 млрд метри мукааб газ ба хориҷ содир карда буд, гуфт мудири ширкат Алексей Миллер. Ин пойинтарин нишондод аз соли 2000 аст, навиштанд хабаргузориҳо.