Дар Қазоқистон боздошти омилони ҳамла ба рӯзноманигорон идома дорад
Вазорати умури дохилии Қазоқистон рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки шарикони эҳтимолии гумонбар дар ташкили ҳамла ба рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақилро ошкор кардааст.
Гумонбар боздошт шуда, "гуноҳро ба гардан" гирифтааст ва бо муфаттишон "ҳамкорӣ мекунад".
Сомонаи расмии вазорат 2-юми март номи чаҳор каси дигар - шаҳрвандони хориҷиро нашр кард, ки гӯё сокинони маҳаллиро барои анҷоми ҳамла ба рӯзноманигорони Қазоқистон бар ивази маблағ ҷалб мекардаанд. Онҳо маълумот дар бораи қурбониёни худро аз манбаъҳои боз ҷамъоварӣ менамудаанд.
Ба иттилои муфаттишон, яке аз боздоштшудаҳо масъули ҳамлаҳои ҳакерӣ буда, сомонаҳои "Orda", "Elmedia" ва "Ulysmedia"-ро ӯ рахна кардааст.
Пулиси Қазоқистон 22-юми феврал низ хабар дода буд, ки 18 касро барои анҷоми амали ғайриқонунӣ зидди рӯзноманигорон боздошт кардааст.
Мақомоти пулиси Қазоқистон гуфтанд, барои ошкор кардани ин ҷиноятҳо гуруҳи фаврии тафтишотии муштарак таъсис додаанд. "Айни замон ҳамаи ҳолатҳо ошкор шудааст, 18 нафар боздошт шудааст. Чораҳои тафтишотӣ идома доранд", - хабар доданд дар пулиси Қазоқистон.
Дар ним соли охир дар Қазоқистон ҳолатҳои ҳамла ба рӯзноманигорон ва блогерон бештар шудааст.
Созмонҳои байналхалқӣ вазъи озодии баёнро дар Қазоқистон душвор унвон мекунанд. Ин кишвар дар шохиси озодии баёни созмони "Хабарнигорони бидуни марз" миёни 180 кишвар дар мақоми 122 қарор дорад.