Тафтишу боздошти муҳоҷирони корӣ дар Қазоқистон
Дар ҷараёни як амалиёт дар Қазоқистон даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дастгиру тафтиш кардаанд. Мақомот ҳадафро “пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ” медонанд. Чанд зодаи Тоҷикистон аз боздоштҳои, ба гуфтаашон, беасос ва нигоҳдорӣ дар “утоқҳои тангу бидуни шароит” шикоят доранд.