Тарафдоронаш нагузоштаанд, нахуствазири Покистон дастгир шавад
Маъмурони пулиси Покистон гуфтанд, рӯзи 5-уми март гуруҳе аз афсаронро барои боздошти нахуствазири пешин Имрон Хон ба шаҳри Лоҳур фиристоданд, вале ҳеч коре аз дасташон наомадааст, чун тарафдоронаш хонаи ӯро иҳота карда, монеи ин кор шудаанд.