Бозии охирини мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё бо Кореяи Ҷанубӣ
Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар бозии охиринаш дар гурӯҳи «С» имрӯз, 8-уми март, дар Тошканд бо тими Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Бунёдкор» соати 17:00 оғоз меёбад.