14 голи дастаи Тайбейи Чин ба дарвозаи Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-20) бо роҳбарии сармураббӣ Юсуф Рабиев 8-уми март дар шаҳри Бурирами Тайланд дар бозии аввалаш дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «Е» аз тими Тайбейи Чин бо ҳисоби бузурги 0:14 шикаст хӯрд.