CAFA: Иштироки дастаи футболи Тоҷикистон
Нахустин мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати тимҳои миллии мардона аз 9-ум то 21-уми июни соли ҷорӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Вале макони баргузории мусобиқот ҳанӯз муайян нашудааст.