Ду кӯҳкани тоҷик дар Шӯроб ҳалок шудаанд
Ду кӯҳкани тоҷик дар кони ”Ангишти Шӯроб” ба ҳалокат расидаанд.
Ин кон, дар шаҳраки Шӯроби Исфараи вилояти Суғд воқеъ аст.
Ҳодиса рӯзи 27-уми март рух додааст. Кумитаи ҳолатҳои фақулодда имрӯз дар хабарномае навишт, кӯҳканҳо, ки яке 45 ва дуюми 57 сол доштааст, дар пайи ихроҷи гази карбон ҷон додаанд.
Ба иттилои Кумита гурӯҳи наҷотбахшон дар Хуҷанд ҷасадҳоро аз кон берун оварда, ба мақомот супурдаанд.
Ҳарду кӯҳкани фавтида сокини шаҳри Исфара будаанд. Ба иттилои расмӣ, ҳоло комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат ба таҳқиқи сабабҳои фоҷеа шурӯъ кардааст.
Дар як соли гузашта дар корхонаҳои саноатӣ ва истихроҷи маъдани Тоҷикистон 25 кас ҷон бохта, 46 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти Хадамоти назорати бехатарӣ дар соҳаи саноат, моҳи феврали имсол, сабаби сар задани ин ҳодисаҳои нохушро бемасъулиятии муҳандисон, беаҳамиятии ҷабрдидаҳо, риоя накардани технологияҳои коркарди кон гуфта буданд.