Беш аз 220 ҳазор туркманистонӣ расман дар Туркия кор мекунанд
Туркманистон дар миёни кишварҳои даҳгонае, ки шаҳрвандонашон дар Туркия расман кор мекунанд, мақоми севумро касб кардааст.
Дар ин бора Бунёди Туркмании Ҳелсинкӣ (БТҲ) бо истинод ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи туркшиносӣ хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, агар соли 2005 шумори шаҳрвандони хориҷие, ки дар Туркия расман кору зиндагӣ мекунанд, 178 964 нафарро ташкил дода бошад, моҳи марти имсол он то ба 1 335 637 кас расидааст.
Хадамоти муҳоҷирати Туркия иттилоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир 222 090 туркманистонӣ дар он кишвар расман кору зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоле ки манбаъҳои мустақил шумори воқеии муҳоҷирони туркманро дар Туркия чанд баробар бештар аз омори расмӣ меноманд.