Русия консулгарии худро дар Мазори Шариф бозкушоӣ кардааст
Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон, рӯзи 3-юми апрел ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, консулгарии худро дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх бозкушоӣ карданд. Вазорати корҳои хориҷии Толибон низ тасдиқ кард, ки Русия хадамоти консулиро дар Мазори Шариф оғоз намуд.