"50 ҳазор доллар додем, бо се кӯдаки маъюб дар кӯча мондем" ВИДЕО
"Дар кӯча мондем. Се фарзанди маъюб дорам," – мегӯяд Ҳамида Имомова, ки нуҳ сол пеш ба умеди соҳиби хона шудан дар Душанбе ба ширкати "Союз Сохтмон" $50 000 дод, аммо на хона гирифт, на пул. Мудири ширкатро ба зиндон андохтанд. Сарнавишти бино номаълум монд. Тақдири Ҳамида Имомова ва ҳамроҳонаш низ.