Макрон: Аврупо дар масъалаи Тайван набояд аз сиёсатҳои ИМА ё Чин пайравӣ кунад
Президенти Фаронса мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо дар муноқиша бар сари Тайван бояд на дунболи сиёсатҳои Амрико биравад ва на Чин. Эммануэл Макрон ба рӯзномаи маҳаллии Les Echos ва нашрияи "Politico" гуфтааст, дар масъалаи Тайван Иттиҳоди Аврупо дар хатари гирифтор шудан дар буҳроне аст, ки "моли мо нест".