Истирдоди 97 кас аз хориҷа ба Душанбе. Мубориза бо ҷиноят ё дигарандешӣ?
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, дар соли 2022 наздик ба сад нафар, аз ҷуила 18 гумонбар ба терроризму ифротгароӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Душанбе истирдод шудаанд. Ин рақам дар гузориши Юсуф Раҳмон ба порлумон дар моҳи марти имсол садо дод.