Чаро моҳи Рамазон имсол 30 рӯз нашуд?
Кумитаи дини Тоҷикистон далели 29 рӯз омадани моҳи Рамазонро аз нигоҳи фиқҳи исломӣ шарҳ дод.
Маъмулан, сокинон дар Тоҷикистон 30 рӯз дар моҳи Рамазон рӯза медоштанд, вале имсол 29 рӯз фарзҳои ин моҳро иҷро хоҳанд кард. Рӯзи 21-уми апрел дар Тоҷикистон иди Фитр эълон шудааст.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи 19-уми апрел дар посух ба суоли Радиои Озодӣ бо такя ба сарчашмаҳои динӣ ва қавли уламои мазҳабӣ гуфт, ки дар ислом аз замони паёмбар то кунун борҳо моҳи Рамазон 29 рӯз будааст.
“Агар дар як кишвар моҳтоби моҳи Рамазон дида шуд, ба ҳамаи мусалмонон дар кишварҳои дигар воҷиб мегардад, ки рӯза бигиранд ва ҳамин тавр агар дар як кишвар моҳтоби Шаввол (моҳи баъди Рамазон) дида шуд, бояд ҳамаи мусалмонон ид кунанд,”—гуфт, Афшини Муқим.
Ӯ дар идома гуфт, “агарчи имсол моҳи Рамазон 29 рӯз омадааст, ҷои нигаронӣ надорад ва ҳамагон бояд донанд, ки аҷру савоби он комил аст ва аз ибодати рӯзадорон чизе кам нахоҳад шуд.”
Бори охир соли 2015 Шӯрои уламо моҳи Рамазонро 29 рӯз эълон кард. Баъзе аз руҳониёни маъруф аз ҷумла Домулло Ҳикматулло он вақт гуфта буданд, “мардум бояд як рӯзи дигар рӯза гиранд.”