Як фаъоли шаҳрвандиро дар Қазоқистон ду моҳ ҳабс карданд
Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон фаъоли шаҳрвандӣ Аскар Сембойро ду моҳ ба ҳабс гирифт. Қарори додгоҳ рӯзи 13 май содир шуд.
Сабаби расмии ҳабси вай навиштаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзҳои 7 - 17 ноябри соли гузашта будааст.
Сембой рӯзи 12 май аз сӯи пулис боздошт шуд.
Расонаҳои Қазоқистон менависанд, Сембой аз соли 2019 дар гирдиҳамоиҳои осоишта ширкат мекард ва борҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда буд.