Волии Пскови Русия аз таркише дар лӯлаи нафт хабар дод
Волии Пскови Русия Михаил Ведерников гуфт, дар паи таркише, ки дар натиҷаи партоби ду паҳпод ё дрон ба як муассисаи масъули як лӯлаи нафте рух дод, дастикам як бинои маъмурӣ осеб дидааст. Ведерников, ки нагуфт, паҳпод аз кадом минтақа партоб шудааст, дар Телеграм каналаш хабар дод, ки ҳодиса субҳи 27 май дар наздикии деҳаи Литвиново рух дод, ки бо Латвия ва Беларус ҳамсарҳад мебошад.
Ба иттилои ӯ, дар бораи талафоти эҳтимолӣ хабаре дар даст нест. Телеграм канали База навишт, ки ду паҳпод лӯлаи нафти Транснефтро ҳадаф қарор дода буд. База инчунин хабар дод, ки паҳподҳо дар қаламрави вилояти Белгород ҳам таркидаанд, вале иттилое дар бораи хисорот ваё талафоти ҷонӣ нашр намешавад.