Корхонаи "Сементи Душанбе" баста мешавад
Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки фаъолияти яке аз корхонаҳои қадимтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон то охири имсол боздошта шавад, зеро ҳавои шаҳри Душанберо бисёр олуда мекунад. “Ховар” хабар дод, ки қарори манъи фаъолияти корхона дар ҷараёни ҷаласаи ҳукумат қабул шудааст.