"Дард"-и зимистонаи Тоҷикистон, ки дар тобистон рӯ задааст. ВИДЕО
Дар деҳаву ҷамоатҳои шимоли Тоҷикистон шикоят аз бебарқӣ зиёд шудааст. Сокинон мегӯянд, ҳарчанд расман маҳдудияти барқ ба онҳо эълон нашудааст, вале дар як шабонарӯз соатҳо бебарқ ҳастанд. Ин вазъ ба саломатӣ ва таъминоти рӯзгори онҳо таъсир расондааст.