Дар Фестивали донишҷӯёни варзишгар Русия ғолиб, Тоҷикистон ҳаштум шуд
Дар Фестивал ё Ҷашнвораи байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки рӯзҳои 19-31-уми август дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон бо касби 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мақоми ҳаштумро соҳиб шуд.