Абдуқодир Рустам, нависанда ва муҳаррири "Ҳаводиси рӯзгори ман" боздошт шуд
Мақомоти тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон нависанда ва муҳаққиқ, масъули шӯъбаи кадрҳои Бемористони байнулмилии "Ибни Сино" Абдуқодири Рустамро шоми 31-уми август ҳангоми баромаданаш аз коргоҳ дастгир кардаанд, вале на ӯ ва на мақомот ба хонаводааш аз боздошт хабар надодаанд.