Умеду нигарониҳо пас аз як соли муноқишаи хунин дар сарҳад. ВИДЕО
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон як сол пеш, дар ҳамин шабу рӯз, ором набуд. Аз 14 то 17-уми сентябри соли 2022 тақрибан дар ҳама минтақаҳои сарҳадии ду кишвар муноқиша сар зад ва аз ду тараф садҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.