HRW: Исроил дар Ғазза ва Либия силоҳи дорои фосфори сафед ба кор бурд
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд, далели инро дорад, ки низомиёни исроилӣ ба ҳангоми бомбаборони Ғаззаву Либия рӯзҳои 10-11 октябр аз фосфори сафед истифода кардаанд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯяд, чунин хулосаро бар асоси таҳлили наворҳои видеоӣ ва баёноти шоҳидон ба даст овардааст. Аз ҷумла, дар аксҳои хабаргузориҳои AFP дар Ғазза хатҳои сафед дар осмон дида мешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, истифодаи фосфори сафед дар Ғазза хатар ба ҷои сокинони мулкиро бештар ва ҳама талаботи қонунҳои башарии байналмилалиро вайрон мекунад.
Фосфори сафед дар тамос бо оксиген оташ гирифта, дуди ғализи сафеде хориҷ мекунад. Ин маводро низомиён бисёр вақт барои таъин кардани ҳудудҳои маконе ба кор мебаранд, вале он ҳамчунон метавонад боиси сӯхтори шадиди бадан гашта, истифодаи он дар макони таҷаммӯи зиёди инсонҳо хеле хатарнок буда метавонад. Фосфори сафедро ҳуқуқи байналмилалӣ манъ накардааст, вале таъсири хатарноки он ба инсон истифодаи онро фавқулодда маҳдуд мекунад.
Низомиёни исроилӣ ба хабаргузории Reuters гуфтанд, ки “феълан онҳо дар бораи истифода шудани силоҳи дорои фосфори сафед дар Ғазза хабар надоранд”.
Сафири Исроил дар Русия Александр Бен Тсви дар сӯҳбат бо ТАСС истифодаи бомбаҳои фосфордорро аз ҷониби артиши Исроил рад кардааст.