Масҷиди деҳаи Арбобии Ваҳдатро вайрон кардаанд
Дар деҳаи Арбобии шаҳри Ваҳдат як масҷидеро вайрон кардаанд ва ба гуфтаи баъзе аз сокинони деҳа сабабаш ин будааст, ки аз ин деҳа ба сафи артиши Тоҷикистон ба қадри кофӣ сарбоз нафиристодаанд. Мақомот мегӯянд, ин иддао дуруст нест ва онро ҳангомасозон паҳн кардаанд.